02:08 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Президенти Туркманистон писарашро раиси вилояти Аҳал таъйин кард

© Sputnik / Владимир Федоренко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
202 0 0

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писараш Сардор Бердимуҳаммадовро раиси вилояти Аҳал таъйин кард

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тариқи суҳбати видеоӣ бо раҳбарони вилоятҳо писараш Сардор Бердимуҳаммадовро раиси вилояти Аҳал таъйин кард, хабар медиҳад телевизиони маҳаллӣ.

Моҳи январи ҳамин сол писари президент муовини раиси вилояти Аҳал таъйин шуда буд. Соли 2018 ӯ дубора дар парлумон вакил интихоб шуд.

Хабар дода мешавад, ки раисиҷумҳури Туркманистон раиси пешини вилояти Ахал Шуҳрат Амангелдиевро ба далели ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифа сабукдӯш кардааст.

Президенти Туркманистон ба раҳбари ҷадиди вилоят дастур додааст, ки фаъолиятро дар самти мубориза зидди сӯхтор пурзӯр намояд.

Вилояти Аҳал яке аз панҷ вилояти Туркманистон буда дар ҷануби ин кишвар воқеъ аст. Ин вилояти марказии Туркманистон ба ҳисоб меравад, чун пойтахти кишвар шаҳри Ишқобод дар ҳудуди ҳамин вилоят ҷой гирифтааст.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 1981 ба дунё омадааст. Ӯ фориғуттаҳсили донишгоҳи кишоварзии ба номи С.А. Ниёзов мебошад. Ихтисосаш муҳандис-технолог.

Мавзӯъҳои асосӣ