03:05 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Дар Бишкек шаҳрванди Нигерия - мудири Cambridge School - ро то мурдан кӯфтанд - акс

© Sputnik / Томас Тхайцук
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
246 0 0

Дар маркази шаҳри Бишкек, шахси номаълум шаҳрванди Нигерияро беҳуш кард

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Шаҳрванди Нигерия, ки аз ҷониби шахси номаълум, дар назди Маркази савдо дар шаҳри Бишкек, лату кӯб шуд, ба ҳалокат расид.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳад.

Шаҳрванди хориҷиро рӯзи 2 июл лату кӯб кардаанд. Бино ба иттилои шоҳидон, шаҳрванди Нигерияро шахси номаълум дар назди маркази савдо мушт задааст. 

Дар натиҷа шаҳрванди хориҷӣ аз зарби мушт беҳуш шудаву ба замин афтидааст ва сараш ба асфалт бархӯрдааст.

Шаҳрванди Нигерияро дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ карданд. Пас аз як рӯз, ки ҳодиса расонаӣ шуд, сарвазир дастур дод, ҳарчӣ зудтар гунаҳкор боздошт шавад.

Бетартибиҳо дар Қазоқистон: чаро сокинон шаҳрванди хориҷиро мекӯбанд? - видео

Мақомот гумонбарро дастгир кард.

"Шаби гузашта шаҳрванди Нигерия ба худ намоада дар бемористон ҷон бохт", - гуфт сухангӯи вазири тандурустӣ Айгерчинова.

Сабаби лату куби шаҳрванди Нигерия то ҳол номаълум аст.

Муайян шуда, ки марҳум дар Бишкек мудири Cambridge School будааст.

Барчаспҳо:
мурда, Бишкек, Нигерия

Мавзӯъҳои асосӣ