01:29 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Верующий молится, архивное фото

Ҷасади шаҳрванди кушташудаи Нигерияро дар Бишкек ба хок месупоранд

© Sputnik / Максим Богодвид
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
327 0 0

Алӣ Абубакр - шаҳрванди кушташудаи Нигерияро дар Бишкек ба хок месупоранд

ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Шаҳрванди Нигерия, мудири Cambridge School дар Бишкек Алӣ Абубакарро дар яке аз гӯристонҳои назди Бишкек ба хок месупоранд.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба мактаби Кембриҷ хабар медиҳад.

Алӣ Абубакр имшаб ба худ наомада дар шуъбаи эҳёи беморхонаи Бишкек ба ҳалокат расид.

Қазия рӯзи 2 июл рух дод. Шаҳрванди хориҷиро рӯзи 2 июл лату кӯб кардаанд. Бино ба иттилои шоҳидон, Алиро шахси номаълум дар назди маркази савдо мушт задааст. 

Дар натиҷа шаҳрванди хориҷӣ аз зарби мушт беҳуш шудаву ба замин афтидааст ва сараш ба асфалт бархӯрдааст.

Шаҳрванди Нигерияро дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ карданд. Пас аз як рӯз, замоне ки ҳодиса расонаӣ шуд, сарвазир дастур дод, ҳарчӣ зудтар гунаҳкор боздошт шавад. Мақомот гумонбарро дастгир кард.

Аз мактаби Кембриҷ хабар доданд, ки намози ҷанозаи шаҳрванди Нигерия имрӯз ҳангоми намози ҷумъа гузошта мешавад.

Алӣ Абубакрро мутобиқи қавонини дини ислом дар гӯристони "Арча Бешик" ба хок месупоранд.

Гуфта мешавад, ки бародари хурдии Алӣ дар Бишкек қарор дораду падараш ба далели мушкилоти раводид натавонист ба Қирғизистон биёяд.

Барчаспҳо:
мудир, ҷаноза, куштор, Бишкек, Нигерия

Мавзӯъҳои асосӣ