03:01 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой

Ба зиндониён дар Узбакистон таътил ва маош медиҳанд

© AFP 2019 / PHILIPPE HUGUEN
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Илова бар ин дар сурати беморӣ баъд аз касби саломатӣ ба зиндониён ҳаққи дидорҳои изофӣ бо хешовандон ироа хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи муқаррароти нави Узбакистон зиндониёни ин кишвар аз ҳаққи дарёфти таътил ва маош дар ҳолати кор кардан дар зиндон бархурдор хоҳанд шуд.

Вазорати додгустарии Узбакистон эълом кард тибқи муқаррароти нав зиндониёни ин кишвар аз ҳаққи шароити эминии кор, истироҳат, мураххасӣ ва дастмузд бархурдор хоҳанд шуд.

Илова бар ин зиндониён аз ҳаққи анҷоми машқҳо дар ҳавои озод ғайр аз вақти корӣ ва дарёфти кумаки равоншинос баҳраманд мешаванд.

Зиндониён ҳамчунин метавонанд ҳатто рӯзҳои таътилӣ низ аз кумаки равоншинос истифода кунанд.

Илова бар ин дар сурати беморӣ баъд аз касби саломатӣ ба зиндониён ҳаққи дидорҳои изофӣ бо хешовандон ироа хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар сурати вуқуи бемории сахт ба зиндонӣ барои тамоси телефонӣ ва дидори изофӣ бо хешовандон ба дастури пизишк иҷоза дода хоҳад шуд.

Ин иқдомоти башардустона пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон имконпазир шудааст.

Пеш аз ин чунин бархурде бо зиндониён руъё ба ҳисоб меомад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ