Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як кушта ва 16 захмӣ

© © Фото / Зульфия ТургуноваВ селе Кара-Бак на кыргызско-таджикской границе собрались местные жители с требованием выставить военнослужащих возле кладбища
В селе Кара-Бак на кыргызско-таджикской границе собрались местные жители с требованием выставить военнослужащих возле кладбища - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муаллими мактаб ҳалок шуд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар паи таниши марзӣ як кас ҳалок шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ҳукумати ноҳияи Исфара.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар паи тирпарронӣ 16 кас захмӣ шуда, як намояндаи мақомоти қудратӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст.

"Ҷамолиддин Қараев, муаллими мактаби маҳаллӣ аз зарби тир дар чашм, дар ҷои ҳодиса кушта шуд", - омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон панҷ кас захмӣ шудааст.

Пеш аз сафари Раҳмон: талоши Муҳриддин барои ҳалли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ва Жээнбеков дар Ворух масоили марзиро баррасӣ мекунанд

"Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ворух ва Оқсой 16 шаҳрванди Тоҷикистон дар паи сангзанӣ захмӣ шуданд", - гуфт намояндаи ҳукумати Исфара.

Бино ба иттилои манбаъ, як корманди мақомоти қудратӣ милиса - Абдурасул Шомирсаидов дар паи таниш ҷароҳати вазнин бардошта, фавран ҷарроҳӣ карда шудааст ва айни замон дар шӯъбаи эҳёи табобатхонаи маҳаллӣ таҳти назорати пизишкон аст.

Дар идораи ВКД вилояти Суғд гуфтанд, ки дар паи таниши марзӣ, як кас ҳалок панҷ кас аз тир захмӣ шуданду 10 тани дигар аз зарби сангзанӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳамаи захмиён ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки баҳси навбатӣ миёни бошандагони марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 22 июл тахминан соати 16:00 бо вақти Душанбе, рух дод.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби муноқиша дар марз гузоштани парчам дар ҳудуди Ворух шудааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон зидди ин иқдом баромадаанд.

Ҳамчунин ёдрас мешавем, ки дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ин ҳафта дар Ворух масоили марзиро баррасӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0