18:44 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон

Раҳмон ва Жээнбеков масоили марзиро дар Қирғизистон баррасӣ мекунанд

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
247 0 0

Имрӯз, сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков баррасии масоили марзиро идома медиҳанд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз, 27 июл, масоили марзиро дар Чолпон-Ота баррасӣ хоҳанд кард, дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

"27 июл музокирот дар масоили марзӣ миёни роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Чолпон-Ота дар назар аст", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 26 июл бо сафари корӣ вориди Қирғизистон шуд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон, Сооронбой Жээнбеков Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл истиқбол гирифта, бо ҳайати кишвари мизбон шинос намуд.

Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз, дар толори Маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Раҳмон ва Жээнбеков ва музокироти васеъ бо ширкати роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст

Тибқи гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти доиргардида аҳаммияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.

Барчаспҳо:
масоили марзӣ, Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ