Музокироти Раҳмон ва Жээнбеков дар Чолпон-Ота

© Пресс-служба президента КыргызстанаПереговоры президентов Таджикистана и Кыргызстана в Чолпон-Ата
Переговоры президентов Таджикистана и Кыргызстана в Чолпон-Ата - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 27 июл музокироти кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон идома кард

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Иссиқкӯл хайрамақдам гуфта аз музокироти дирӯза изҳори қаноатмандӣ кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.

"Сафари шумо ба пешравии ҳамкориҳоямон такони дигаре хоҳад бахшид. Мо аз музокироти дирӯза, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд қаноатмандем" , - таъкид кардаст Жээнбеков ва барои истиқболи гарми ҳайати Қирғизистон дар Исфара изҳори сипос намудааст.

Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ва Жээнбеков масоили марзиро дар Қирғизистон баррасӣ мекунанд

"Аз мувофиқа дар тамоми масоили ҳамкориҳои дуҷониба сидқан хушҳолам. Мо дар масоили суръатнок кардани аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамфикр шуда, мувофиқа кардем, ки масоили марзиро бо манфиати ду ҷониб оғоз кунем.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин тарҳҳои муштараки энержиро баррасӣ кардаанд.  

Ба гузорити котиботи президенти Қирғизистон, Жээнбеков гуфтааст, ки ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон музокироти таърихӣ рух дод.

"Чунин рухдод аз оғози таърихи мустақилияти кишварамон то кунун набуд. Бовар дорам, ки вохӯрии мо барои таҳкими муносиботи дуҷониба такони хубе хоҳад шуд", - қайд кардааст Сооронбой Жээнбеков.

Ваъдаи Жээнбеков ба сокинони наздимарзӣ: мушкилатонро ҳал мекунем

"Мо ба рушди муносибот бо Қирғизистон манфиатдорем ва ба таҳкими муносиботи хуби ҳамсоягии миёни кишварҳоямон таваҷҷӯҳи хосса дорем. Тоҷикистон бори дигар омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо Қирғизистон изҳор менамояд", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президенты Таджикистана и Кыргызстана Эмомали Рахмон и Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Иғво накунед: тафсилоти суҳбати Раҳмон ва Жээнбеков бо сокинони наздимарзӣ

Ёдрас мешавем, ки дирӯз, дар толори Маҷмааи "Ориён"-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Раҳмон ва Жээнбеков ва музокироти васеъ бо ширкати роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Мулоқоти таърихӣ: котиботи Раҳмон гуфт, анҷоми баҳси марзӣ наздик аст

Тибқи гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти доиргардида аҳаммияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.

Лентаи хабарҳо
0