Жээнбеков истироҳат мекунад: рухсатии президент дар куҷо мегузарад?

Обуна шудан
Соли гузашта ҳам, раисиҷумҳури Қирғизистон ҳамин мавсим рухсатӣ гирифта буд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ба рухсатии муваққатӣ баромад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Қирғизистон хабар медиҳад.

"Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз 5 августи соли 2019 ба рухсатӣ мебарояд", - омадааст дар хабарнома.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев ба рухсатӣ мебарояд: раисиҷумҳур дар куҷо истироҳат мекунад?

Бино ба гузориши манбаъ, раисиҷумҳур рухсатиашро дар Иссиқкӯл мегузаронад.

Манбаъ афзуда, ки соли гузашта низ, кишвардор ҳамин мавсим ба рухсатӣ баромада буд.

Пештар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба рухсатӣ баромада, истироҳаташро дар ҳудуди Узбакистон мегузаронад.

Бердимуҳаммадов дар “Дарвозаи дӯзах”: видеои нави истироҳати раисиҷумҳур - навор

Ҳамчунин ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи аввали рухсатӣ, ҷилди навбатии китоби "Растаниҳои доруии Туркманистон" - ро анҷом доду бо набераҳояш гашту гузор кард.

Лентаи хабарҳо
0