11:11 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото

Баҳси марзӣ: қирғизҳо барои тоза кардани варзишгоҳ монеъ шудаанд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
439 0 0

Сокинони наздимарзии ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рухдоди баҳси марзӣ бо қирғизҳо хабар медиҳанд. Ба гуфтаи сокинон, ин баҳс сари истифодаи варзишгоҳ рух додааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Масъули ҷамоати Овчӣ-Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, баҳси сарҳадии рӯзи 5-уми август сари истифодаи варзишгоҳ маншаъ гирифтааст.

Ба гуфти манбаъ, сокинони ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайкаки Қирғизистон ин варзишгоҳро ҳудуди баҳснок номида, ворид шудани тоҷикҳоро ба он манъ намудаанд.

"Имрӯз сокинони ҷамоат, асосан ҷавонон ба варзишгоҳ баромада хостанд, ки замини онро аз хасу хошок тоза намуда, дар вақти фориғ аз кору бор футболбозӣ кунанд. Аммо, ҷониби қирғизҳо монеъаи ин кори ҷавонони мо шудаанд", - гуфт як масъули ҷамоати Овчи-Қалъача дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Президенты Таджикистана и Кыргызстана на переговорах
© Пресс-служба президента Кыргызстана

Ин варзишгоҳ дар канори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 8- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Бино ба гуфти масъулони мактаб, бунёди он ба замони сохтмони МТУ № 8 ба солҳои 1984 рос меояд.

Ин варзишгоҳ барои баргузории бозиҳои варзишӣ дар ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз ва Истиқлолият аз маконҳои аслӣ ба ҳисоб меравад, аммо сокинон мегӯянд, вақтҳои охир ҷониби қирғизҳо, барои ин монеъгӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз вазъи ороми марз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон суҳбат, карда, гуфта буд, ки аз ду ҷониб бо иштироки масъулин, масъалаҳои обёрии замин ва сохтмони роҳи назимарзиро ҳал кардаанд.

Зариф Назирӣ, дар посух ба суоли хабарнигорон дар нишасти хабарии рӯзи 24-уми июл, нисбати монеъгузории қирғизҳо аз истифодаи ин варзишгоҳи наздимарзӣ барои сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъача гуфт, ки “ҳудуде, ки делимитатсия ва демаркатсия нашудааст, худсарона ишғол намудани он мумкин нест”.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст ва ҳудуди 34 километр марзи муштарак дорад. Вале то кунун хатти марз миёни ин ду ноҳия  аломатгузорӣ нашудааст ва гоҳе ин мушкил ба рухдоди баҳсу муноқишаҳои марзӣ боис мешавад.

Муноқиша дар марз

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 22 июли соли 2019  сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Тахминан соати 16:35-и ҳамон рӯз дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон  монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як кушта ва 16 захмӣ

Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Переговоры президентов Таджикистана и Кыргызстана в Чолпон-Ата
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Бар асари тирпарронӣ чанд шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Задухӯрди милисаҳои қирғиз бо сокинони кишварашон дар марз бо Тоҷикистон

Пас аз ин Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Жениш Разоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон вобаста ба муноқиша ва тирпарронии ахир дар марзи ду кишвар мулоқот намуданд.

Онҳо ба хулоса омаданд, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша ва тирпарронӣ дар марзро якҷоя санҷиш мекунад.

Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард

Пас аз пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ, масъалаи тақсими марз ба яке аз проблемаҳои умдаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

Баъзе аз навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон, бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, вале хатти марз, барои сокинони ин ду кишвар то ба имрӯз муайяну мушахас нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди  970 километр марзи муштарак доранд, ки 50 % и он ҳанӯз  аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуайянӣ ба низову бархурдҳо миёни сокинони оддӣ ва сарҳадбонони ин ҷумҳуриҳо боис мешавад.

Барчаспҳо:
таниш, майдони варзишӣ, баҳси марзӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ