15:07 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев, архивное фото

Отамбоев иқрор шуд, ки оташро на ҷонибдоронаш, балки худи ӯ кушод

© Sputnik / Алексей Никольский
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1191 0 0

Собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев изҳор намудааст, ки дар дасти ҷонибдоронаш ҳатто "рогатка" ҳам набуда, оташро худи ӯ ба суйи низомиёни дастаи таъиноти махсус кушодааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев иқрор шудаст, ки ҳангоми кӯшиши боздошти вай аз ҷониби дастаи таъиноти махсус, худаш ба тарафи онҳо аз силоҳи оташфишон тирпарронӣ кард, хабар медиҳад сомонаи  РИА Новости.

Отамбоев хабари телевизионҳои давлатии ин кишвар дар хусуси он, ки зимни амалиёти боздошташ, ҷонибдорони собиқ раисҷумҳур аз силоҳи оташфишон истифода бурданд, дурӯғ ва беасос арзёбӣ намуд.

"Дар дасти ҷонибдорони ман ҳатто "рогатка" ҳам набуд. Ман вақте дидам, ки низомиёни вохиди махсус ба ошёнаи саввуми бошишгоҳи ман баромаданд, даст ба силоҳ задам ва бисёр кӯшиш кардам то нафареро маҷрӯҳ накунам", - иттилоъ медиҳад манбаъ аз қавли Отамбоев.

Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтаҳои Отамбоевро ботил шуморида, меафзоянд, ки ҷонибдорони собиқ президент дар ҷараёни амалиёти боздошти ӯ аз силоҳи оташфишон кор гирифтанд. 

Дар ҳоле, ки худи низомиёни дастаи таъиноти махсус ҳангоми тирпарронӣ аз тирҳои резинӣ истифода карданд.

Қатъи рухсатии Жээнбеков ва изҳороти Кремл дар бораи амалиёти боздошти Отамбоев

Гузашта аз ин Кумитаи амнияти миллии ин кишвар  таъйид мекунад, ки маъмурини воҳидҳои махсус, ки ба гарав гирифта шуданд, мавриди озору азияти ҷисмонӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибдорони Отамбоев қаблан навореро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд, ки дар он аъзоёни дастаи таъиноти махсус ба гарав афтида нишон дода мешавад.

 

Зимнан роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Орозбек Олумбоев изҳор намуд, аз он мутаассиф аст, ки иҷозаи кушодани оташи ҷавобиро ба тобеини худ надода буд.

"Касе интизор надошт, ки Отамбоев тарафи ҷавонони амалан бе силоҳ тир мекушояд. Ба ростӣ  пушаймонам, ки ба кушодани оташи ҷавобӣ иҷозат надодам", -  гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.

Кӯшиши боздошти Отамбоев шоми 7- уми август роҳандозӣ шуда буд, ки ба нокомӣ анҷомид ва дар натиҷаи тирпарронӣ як нафар аз номояндагони дастаи таъиноти махсус - падари чаҳор фарзанд ҷони худро аз даст дода, наздики 57 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. 

 

Барчаспҳо:
иқрор, оташ кушодан, Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ