Писари Отамбоев хабари боздошт шудани бародарашро шарҳ дод

© © Фото / из личного архива Сейтека АтамбаеваСын бывшего президента Алмазбека Атамбаева Сейтек Атамбаев. Архивное фото
Сын бывшего президента Алмазбека Атамбаева Сейтек Атамбаев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари боздошт гардидани писари собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев паҳн гардидаст

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik.  Писари собиқ раисҷумҳури Қирғизистон хабари боздошт шудани бародари худро чунин шарҳ додааст:

"Халқи мӯҳтарами қирғиз, ҳеҷ кас маро боздошт накардааст. Агар дар бораи паҳн шудани хабари боздошти бародарам мехоҳед маълумот гиред, пас бародари ман Сейитбек барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват шуд ва билфосила ӯро ҷавоб доданд", - навиштааст Сейтек Отамбоев дар Instagram.

Отамбоеви хурдӣ аз мардуми Қирғизистон даъват намуд то ба иғвоангезӣ дода нашаванд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон

Экс-президент президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарти Отамбоев ва ваъдаи генерал – видеои музокироту таслимшавӣ

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 7- уми август дастаи таъиноти махсус ба хотири боздошт намудани собиқ раисҷумҳури ин кишвар ба бошишгоҳи ӯ зада даромаданд, аммо зуд ноком шуданд.

Зеро ҷонибдорони Отамбоев барои боздошт шудани ӯ муқобилият нишон дода бо низомиёни дастаи таъиноти махсус вориди даргир шуданд.

Дар натиҷа бар асари тирпарронӣ дасти кам як нафар ҳалок ва даҳҳо тани дигар ҷароҳатдор шуда ба бемористон интиқол дода шуданд.

Жээнбеков гуфт: Отамбоев дигар на ҳамчун шоҳид, балки гумонбар аст

Маъмурони амниятӣ танҳо дар рӯзи дуюми амалиёт тавонистанд Отамбоевро боздошт кунанд, зеро худи ӯ ба маъмурони милитсия таслим шуд.

Феълан Отамбоев то 26- уми август дар боздошт мемонад ва алайҳи ӯ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0