00:05 11 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.24
  • EUR11.21
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Пас аз ду моҳи корҳои ҷустуҷуйӣ дар ҳудуди ноҳияи Муборак як кони нави нафт кашф гардидааст

Дар қаламрави вилояти Қашқадарёи Узбакистон кони нафти наверо кашф карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати Epsilon

 

Ба коркарди макони ин кони ҷадид ширкати амрикоии Epsilon Development Company машғул аст.

Бар хабари манбаъ, мавҷуд будани нафт дар кони шаҳраки Баҳористони ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё 10 август тасдиқ шудааст. Кони навро "Баҳористон" ном гузоштаанд.

Вазир гуфт соҳибкорон чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ ворид карданд

Гуфта мешавад корҳои пармакунии чоҳҳои нафту газ ҳанӯз моҳи июни соли равон оғоз ёфт ва пас аз ду моҳи корӣ натиҷаи мусбат ба даст омад.

Бояд гуфт, ки ин нахустин кони нафт ва гази моеи ширкати Epsilon Development Company дар блоки сармоягузории Муборак аст.

Барчаспҳо:
нафт, кон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ