22:58 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Иранские полицейские

Пулиси Эрон коромадтарин ва покдасттарин пулисҳои ҷаҳон будааст

© Sputnik / Андрей Стенин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
28710

Фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон эълон намудааст, ки пулиси Эрон натанҳо дар сатҳи минтақаи ғарби Осиё балки дар саросари ҷаҳон, яке аз коромадтарин ва покдасттарин пулис ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳусйн Аштарӣ, фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон ахиран дар маросими анҷоми мусобиқоти гашти ҷодаии Русия, ки ба мизбонии Теҳрон баргузор шуд, таъкид кард, ки ин рӯйдод зимни иртиқои сатҳи робитаҳои дипламатӣ миёни кишварҳо, муҷби тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва ривоҷ додани  мақсадҳои сулҳҷуёна мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Дар ҳамин ҳол, Куруч Капен масули тими пулиси Русия бо қадрдонӣ аз пулиси мубориза бо маводи мухадири Эрон, ки дар канори ин мусобиқаҳо,таҷрибаҳои худро дар ихтиёри пулиси Русия қарор дод, афзуд мусобиқаҳои гашти ҷодаи дар сатҳи болое баргузор шуд.

Вазири нерӯи Эрон аз рафъи монеаҳои ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Душанбе таъкид кард

Сарпарасти тими Узбакистон дар мусобиқаҳои гашти ҷодаии Русия 2019 низ дар маросими анҷоми мусобиқаҳо бо баёни ин, ки табодули таҷрибаҳои худро дар ихтиёри пулиси Русия қарор дод, афзуд дӯстиҳои миёни кишварҳои ин давра аз мусобиқаҳо бояд пойдор бимонад.

Мусобиқаҳои гашти ҷодаии Русия аз 10 то 15 и моҳи август бо ҳузури кишварҳои Русия, Арманистон, Узбакистон ва Эрон ба мизбонии нерӯи низомии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Тимҳои Эрон, Русия ва Арманистон мақомҳои аввал то севвумро касб карданд.

Барчаспҳо:
беҳтарин, мусобиқа, пулис, Русия, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ