23:02 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти вакили парлумони ин вилоят хабар медиҳад, ки дар куштори ҳамсари худ даст доштаст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар  вилояти Челябинскии Русия  вакили ҳавзаи шаҳрии Локоматив бо ҷурми қатл намудани ҳамсари худ боздошт гардидаст, хабар медиҳад  Кумитаи тафтишотии ин вилоят.

Манбаъ қайд намудаст, ки вакили парлумон ҳамзамон дар яке аз беморхонаҳои вилоятӣ ба ҳайси сардухтур фаъолият мекардаст.

Навори ВУД: куштори мӯйсафедон дар масҷиди Файзобод баъди баҳси пулдуздӣ-видео

Кумитаи тафтишотӣ  хабар медиҳад, ки ҳодисаи  мазкур шаби 20 - уми август рух додааст. Ба маълумоти ин ниҳод, миёни вакили парлумон ва ҳамсараш муноқиша сар мезанад, ки дар натиҷа номбурда аз милтиқи шикорӣ тарафи ҳамсараш чанд маротиба тир холӣ мекунанд.

Пеши ҳамсар бо дигар занҳо суҳбат мекардааст: гузориши ВУД аз ҷинояти даҳшатовар-видео

Гуфта мешавад, завҷаи ин вакил бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.

Манбаъ меафзояд, алайҳи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғз гардида, тафтишот идома дорад.

Зимнан дар Тоҷикистон низ  додгоҳи олӣ як сокини Конибодомро барои қатл намудани ҳамсараш ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.

Барчаспҳо:
Русия, куштор, вакил

Мавзӯъҳои асосӣ