20:01 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Мирзиёев ба ваъдааш вафо кард: ҷарима барои меҳнати иҷборӣ дар Узбакистон сангинтар шуд

Пресс-служба Президента узбекистана
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
436 0 0

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмуриии ин кишварро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тибқи қарори ҷадид дар Узбакистон акнун ҷаримабандӣ барои меҳнати маҷбурӣ даҳчанд шадидтар шудаст, менависад рӯзномаи "Нородное слово".

Гуфта мешавад, қарори мазкурро раисҷумҳури ин кишвар аллакай ба тасвиб расонид ва феълан дар қаламрави ҷумҳурӣ тағйироти қабулгардида амалан қонунӣ гардиданд.

Авфи 65 нафар маҳбус дар арафаи ҷашни Истиқлолият

"Ҷарима барои меҳнати маҷбурӣ  аз 10 то 30 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал (муодили 265-795 доллар) муқаррар шудаст", - гуфта мешавад дар матни қарори мазкур.

Зимнан гуфта мешавад, ки барои такроран содир намудани ин қонуншиканӣ аз 30 то 100 нишондиҳанда (аз 795 то 2.6 ҳазор доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Гузашта аз ин барои маҷбур намудани кӯдакону ноболиғон ба меҳнати иҷборӣ бар асоси тағйироти нав аз 30 то 50 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал ҷаримабандӣ дар назар аст.

Тӯҳфаи пурарзиши Мирзиёев ба роҳбари Чеченистон-видео

Бояд гуфт, ки пештар аз ин Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ӯзбекистон ҷарима барои кори иҷбориро аз 1 то 3 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал муқаррар карда буд.

Раисҷумҳури Узбакистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2017 ваъда дода буд, ки ба меҳнати иҷборӣ дар кишвараш хотима мегузорад.

Барчаспҳо:
меҳнати маҷбурӣ, ҷарима, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ