01:07 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15

Мошин: тӯҳфаи шогирдон ба собиқ омӯзгорашон - навор

акс аз сафҳаи Фейсбукии шогирдаш
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
772 0 0

Тақдим намудани мошин тӯҳфаи ниҳоӣ набуда, шогирдон тасмим гирифтанд, дар ояндаи наздик муаллимашонро бо як "сюрпризи" дигар шод гардонанд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ҳафтаи равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он як гурӯҳ мардон - шаҳрвандони Узбакистон ба собиқ устоди худ, ки фанни риёзиро ба онҳо дарс медод, ба сифати тӯҳфа ба ӯ мошин ҳадя намуданд.

Мошини тамғаи Ravon R3 ба устоди фанни риёзӣ, сокини ноҳияи Қарақӯли Узбакистон - Ҳазрат Раҳим аз ҷониби собиқ толибилмонаш тақдим гардид.

Ин омӯзгор, 34 сол собиқаи корӣ дошта, дар литсеи академияи ноҳияи мазкур ба толибилмон аз фанни риёзӣ дарс мегуфт.

Аммо соли пеш, бинобар бад шудани вазъи саломатияш маҷбур шуд тарки ҷойи кораш намояд ва феълан дар манзили зисти худ ба таълими шогирдон машғул аст.

Шогирдони Ҳазрат Раҳим мегӯянд, устоди онҳо бисёр марди ҳалиму поквиҷдон буда, сидқан  ба шогирдонаш дарс мегуфт.

Ин тӯҳфаи ниҳоии шогирдони Ҳазрат набуда, яке аз собиқ толибилмони ӯ тасмим гирифтаст, устодашро ҳамроҳи худ барои зиёрати хонаи Худо ба Ҳаҷ бибарад.

Барчаспҳо:
устод, толибилмон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ