09:46 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото

Тирпарронии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон - Қирғизистон

© Фото / пресс-служба ГПС КР
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
52101

Сарҳадбонони тоҷик бар асари низои навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се маротиба ба ҳаво тир паронданд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Боз як муноқишаи дигар дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад маркази матбуоти Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон.

Бар хабари манбаъ, ҳодисаи мазкур  бегоҳи дирӯз дар наздикии деҳаи Ворух ва Оқсойи Қирғизистон рух додаст.

Навори таниши марзии тоҷикону қирғизҳо барои роҳ - видео

Шаҳрвандони Қирғизистон дар соҳили дарёи Оқсой ба мошинҳо шағал бор кардаанд, вале чанде пас марзбонони Тоҷикистон дар соҳили тарафи дигари дарё таҷаммӯъ шуданд, гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Зимнан Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя мегӯяд,  миёни сарҳадбонони тоҷик ва шаҳрвандони Қирғизистон низоъ бархостаст, ки дар натиҷа аз тарафи сарҳадбонони Тоҷикистон  се маротиба ба ҳаво тир паронда шуд.

Қайд мегардад, ки дар натиҷаи кушодани тир ба ҳаво, ягон кас аз ҳар ду ҷониб осеб надиданд.

Садои тир: дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт?

Қобили зикр аст, ки сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил дода аз ин миён  танҳо 504 километр делиматсия ва демаркатсия карда шудааст.

Хати номуайяни марзи ин ду кишвар, боиси сар задани низоъҳои пай дар ҳам дар нуқтаҳои аҳолинишини сарҳадӣ мешавад.

Барчаспҳо:
низоъ, Қирғизистон, марз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ