14:08 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Узбекский паспорт

Узбакистон 1150 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мекунад

© Sputnik / Алексей Тихомиров
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
324 0 0

Ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтаст, наздики 1150 шаҳрвандонашро, ки беш аз се сол дар хориҷ аз кишвар иқомати доимӣ мекунанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум созад

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Узбакистон ният дорад 1150 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кунад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба сафорати Ҷумҳурии Узбакистон дар Русия.

Тибқи маълумоти намояндагии дипломатӣ, ин шаҳрвандон беш аз се сол барои иқомати доимӣ ба хориҷа рафта буданд, аммо то ба ҳол дар консулгариҳо сабти ном нашудаанд.

Қайд шудааст, ки тибқи қонунгузорӣ, шаҳрвандони Узбакистон, ки ба ҷои иқомати доимӣ мераванд, бояд дар давоми як моҳ ба шӯъбаи консулии сафорат ё консулгарии генералии Узбакистон барои сабти ном муроҷиат кунанд.

Манбаъ таъкид намудаст, ки аз қайди консулгарӣ гузаштан танҳо ба манфиати шаҳрвандони кишвар сурат мегирад.

Ҳукумати Узбакистон барои муҳоҷиронаш 3462 манзил қарз медиҳад

Тибқи моддаи 21 қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ", шаҳрвандони Узбакистон, ки дар хориҷи кишвар доимӣ зиндагӣ мекунанд ва дар давоми 3 сол бе ягон сабаб аз сабти консулӣ намегузаранд, шаҳрвандии Узбакистонро аз даст медиҳанд.

Барчаспҳо:
шаҳрвандӣ, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ