05:57 16 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Президенты Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон посетили парк имени Низомиддина Алишера Навои в Душанбе

Баҳои баланди Шавкат Мирзиёев ба маҳорату таҷрибаи Эмомалӣ Раҳмон

© Пресс-служба президента Узбекистана
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
1207 0 0

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев мегӯяд, ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, маҳорату таҷрибаи бузурги Раҳмон имконпазир гардидаанд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба унвони ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ фиристодааст.

Бино ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар номаи шодбошии Шавкат   Мирзиёев чунин омадааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович. Аз номи мардуми Узбакистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллии мамлакат — Рӯзи истиқлол сидқан табрику муборакбод менамоям!

Дар ин рӯзи хотирмон мехостам комёбиҳои арзишмандеро, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи бунёди давлатдорӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани ислоҳоти созандаи иқтисодии фарогири тамоми соҳаҳо, роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии прагматикӣ ва таҳкими обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд, махсусан таъкид намоям.

Татбиқи самарабахши барномаву ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ, ки мавриди дастгирии мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегарданд ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаётро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, шоёни баҳои баланд мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, маҳорату таҷрибаи бузурги ходими давлатии Шумо имконпазир гардидаанд.

Мояи хушнудист, ки робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории байни Узбакистону Тоҷикистони ба ҳам бародар, ки решаҳояшон аз қаъри таърих маншаъ мегиранд, имрӯз низ босуръат рушд карда, дар асоси усули шарикии стратегӣ бомаром таҳким меёбанд.

Бо талошҳои муштарак мо тавонистем, ки дар таърихи муносиботи Узбакистон ва Тоҷикистон фасли нав оғоз намоем ва онро ба сатҳи сифатан нав бардошта, бо мазмуну мундариҷаи мушаххаси амалӣ ғанӣ гардонем.

Мехостам садоқати қавии моро ба таъмиқи минбаъдаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба аз рӯи тамоми рӯзномаи ҳамдастии ҷонибҳо ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон, ҳамчунин бар манфиатҳои сулҳу рушди устувори ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, саломатии бардавом, хушрӯзии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам".

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзоев, нома, истиқлол, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ