17:16 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой

Додгоҳи Қазоқистон 7 шаҳрванди Тоҷикистонро аз 12 то 18 сол маҳкум ба зиндон кард

© AFP 2019 / PHILIPPE HUGUEN
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
172 0 0

Додгоҳ 7 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми омодагӣ ба амалӣ намудани чанд ҳамалототи террористӣ гунаҳкор дониста ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон намуд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба иттилои Додгоҳи шаҳрии Қазоқистон, ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато бо иттиҳоми "омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ" аз 12 то 18 сол зиндонӣ шуданд

Шаҳрвандони Тоҷикистонро додгоҳ ба ташкилу узвият дар гурӯҳи тундрав, омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ, сохтани маводи тарканда ва нигаҳ доштани силоҳи оташфишон айбдор кардааст.

Додгоҳ гуфтааст, ки онҳо аз моҳи декабри соли 2018 то 10-уми январи соли 2019 барои тарконидани роҳибхона ва бинои бонки "АТФ Банк" дар як хиёбони Алмаато омодагӣ медиданд.

То ду сол зиндон: ҳушдори Вазорат ба муҳоҷирони тоҷик барои муҳрҳои қалбакӣ дар шиноснома

Мақомот дар ҷараёни тафтиш аз манзили иҷораи онҳо бомби худсохт, тапонча бо тирдон ва силоҳи шикорӣ пайдо кардаанд.

Дар Қазоқистон бар асоси ҳисобҳои расмӣ беш аз даҳ ҳазор муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Ин кишвар, пас аз Русия, дуввумин кишвари муҳоҷирпазир барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. 

Барчаспҳо:
зиндон, шаҳрвандони тоҷик, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ