14:17 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (87)
1019 0 0

Мақомдорони Тоҷикистону Узбакистон масъалаи пешгирии қонуншиканиҳо дар манотиқи наздимарзиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар Душанбе, рӯзи 16-уми сентябр ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Узбакистон бо ширкати муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода ва муовини якуми вазири корҳои дохилии Узбакистон полковники милитсия Азиз Тошпулатов баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар оғози ҷаласа, Аламшозода ташрифи ҳайати баландпояи Вазорати корҳои дохилии Узбакистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта таъкид кардааст, ки роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, ба густариши муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳо, махсусан бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Ноамнӣ дар марз: ин навбат сокинони қирғиз бо низомиёни узбак вориди даргирӣ шуданд

"Дар вохӯрии имрӯзаамон мо бештар масъалаҳои вобаста ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо ҷинояткориҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муайяну ошкор намудани шахсони дар кофтуковбуда дар қаламравҳои ҳарду кишвари ҳамсоя, табодули иттилоот дар самтҳои вобаста ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирии қонуншиканиҳо дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем" -  гуфаастт Аламшозода.

Представители МВД Узбекистана в Душанбе
Представители МВД Узбекистана в Душанбе

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳори боварӣ намудааст, ки баргузории ин вохӯрӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар навбати худ, Тошпулатов барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҳайати Вазорати корҳои дохилии кишвари ҳамсоя, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намудааст.

"Дар интиҳои нишасти мазкур аз ҷониби генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода ва полковники милитсия Тошпулатов Азиз Анварович аз натиҷаи ҷаласаи навбатии гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсозии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Узбакистон Протокол ба имзо расонида шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар доираи боздиди худ аз Тоҷикистон, ҳайати Вазорати корҳои дохилии Узбакистон бо сарварии муовини якуми вазир полковники милитсия Тошпулатов Азиз, имрӯз - 17-уми сентябр, аз ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, аз ҷумла "Кохи Наврӯз" ва бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ боздтд хоҳанд кард.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (87)
Барчаспҳо:
Абдураҳмон Аламшозода, ВКД, баҳси марзӣ, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ