05:54 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Супруга бывшего президента Алмазбека Атамбаева Раиса  Атамбаева с сыном Кадыром у здания ГКНБ. Архивное фото

Отамбоев имрӯз 63 - сола шуд: барои муборакбодӣ ҳамсар ва писараш ба зиндон рафтанд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
493 0 0

Қодирбек Отамбоев пас аз мулоқот бо падари худ Алмосбек Отамбоев, бобати саломатии ӯ изҳори назар карда, ҳамчунин аз ташвиши собиқ раисҷумҳур дар боздоштгоҳ гуфт. Хонаводаи Отамбоев ба сифати тӯҳфа ба ӯ чанд китоб ҳадя намуданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба табрики собиқ расиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ҳамсараш Раиса Отамбоева  ва писараш Қодирбек омаданд.

Қодирбек дар саҳифаи худ изҳор намудаст, ки "падарам имрӯз 63 - сола шуд ва ба муносибати зодрӯзаш ману модарам иҷозати мулоқот бо ӯро дарёфт кардем".

Зимнан ба гуфтаи ӯ, собиқ раисҷумҳур аз вазъияти феълӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ташвиш аст ва изҳори умед намудаст, ки мушкили ҷойдошта дар фурсати кӯтоҳ ҳалли худро пайдо мекунад.

Алмосбек Отамбоев дар мулоқот бо хонаводаи худ зикр намудааст, ки ҳукумати кишвар бояд таъқиби ҷонибдорони ӯро як тараф гузошта аз пайи ҳалли мушкилоти марз шавад.

Дастафшонии Отамбоев аз тирезаи бинои КДАМ ба наздикон ва ҷонибдоронаш - навор ва акс

Ёдовар мешавем, ки собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев феълан дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад. Ӯро дар рӯзи дуюми даргирӣ миёни ҷонибдорони Отамбоев ва мақомоти амниятӣ дастгир намуданд ва алъон собиқ раисҷумҳур тибқи 14 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон гумонбар дониста мешавад. 

Барчаспҳо:
мулоқот, СИЗО, Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ