02:45 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (91)
1038 0 0

Парлумони Қирғизистон имрӯз пушти дарҳои баста баҳси марзии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Вакили Жогорку Кенеш Алмамбек Шикмаматов ба рӯзноманигорон гуфтааст, тоҷикон қисме аз деҳаи ҳудуди Қирғизистон Максатро аз худ медонанд, чун он ҷо манзил харидаанд.

Имрӯз Парлумони Қирғизистон пушти дарҳои баста масъалаи баҳси марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

"Саволҳо зиёданд...Тоҷикистониён дар ҳудуди деҳаи Максат наздики 50 хона харида, пас аз гузашти се-чор сол мегӯянд ин замнии онҳо аст. Ин ҷо мушкили фасод ҳам вуҷуд дорад. Мақомоти ҳукуматӣ ин манзилҳоро чун ҳудуди Тоҷикистон ба қайд мегирад", - гуфт Шикмаматов.

Дар баробари ин вакил рӯшан нагуфт мақомоти кадом кишварро дар назар дорад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумат кор бисёр дорад.

Рухдоди рӯзи 16 сентябр

Ёдовар мешавем, ки дар пайи тирпаронии бегоҳии 16 - сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик:  подполковник Рустам Убайдуллоев  ва ду сарбози қаторӣ - Рамазон Исломов ва Илёсиддин Субҳонов  кушта шуданд. 

Ҳамчунин бар асари тирпарронӣ як афсари қирғиз низ ба ҳалокат расида, чандин шаҳрвандони ҳар ду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

Вобаста ба ҳодисаи ахир, нахуст ҷониби Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек Суҳроб Олимзода нотаи эътирозӣ супориданд, ки дар он аз амалкарди марзбонони тоҷик бобати нахуст кушодани оташ суйи қирғизҳо изҳори нигаронӣ намудаанд. Зимнан аз мақомоти Тоҷикистон бо ирсоли нотаи эътирозӣ даъват намуданд, ки барои печидатар нашудани вазъияти феълӣ, аз тамоми чораҳо кор бигиранд.

Гузашта аз ин Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ дирӯз ба ваколатдори муваққатии Қирғизистон дар Тоҷикистон номаи эътирозӣ супорид.

Мақомоти Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҷониби Қирғизистон дар ҳудуди замини мувофиқнашуда ба сохтусози иншоот оғоз кардаанд.

Муноқишаи мазкур низ  бар асари оғози сохтмони ғайриқонунии марзбонони қирғиз дар мавзеи баҳсии байни ду маҳалла – Баҳори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақсади  Ҷумҳурии Қирғизистон ва эътирози мардуми маҳаллаи Баҳор ба вуқӯъ пайвастааст.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади и он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (91)

Мавзӯъҳои асосӣ