Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Пойдевор аз тоҷикон - плита аз қирғизҳо: сохтани пул дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik Ифтитоҳи пули дӯстӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ифтитоҳи пули дӯстӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Овчи Қалъачаи Тоҷикистон ва Қулудаи Қирғизистон пули нав сохта ба истифода дода мешавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Имрӯз дар марзи баҳсии Тоҷикистону Қирғизистон пули "дӯстӣ" ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

© SputnikИфтитоҳи пули дӯстӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Пойдевор аз тоҷикон - плита аз қирғизҳо: сохтани пул дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи пули дӯстӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷониби Тоҷикистон барои сохтмони пул 75 ҳазор сомонӣ ва Қирғизистон низ тақрибан ҳамин миқдор сом масраф намудааст.

Дарозии пул 12 метр ва бараш 8 метрро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Sputnik Тоҷикистон, пойдевори пулро ҷониби Тоҷикистон ва плитаҳои болои онро тарафи Қирғизистон сохтаанд.

Дар маросими ифтитоҳи пул раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва губернатори вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ширкат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0