23:12 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Гвозди, архивное фото

Мех дар меъдаи тифл пизишкони Шимкентро ба ҳайрат гузошт

CC0 / Pixabay
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
211 0 0

Волидони духтарчаи 4 моҳа бехабар аз он ки фарзандашон кайҳо мех фурӯъ бурдааст, ба иллати хурӯҷи дарди узвҳои бадани тифл, ӯро назди пизишк оварданд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Пас аз дарёфт намудани мех дар меъдаи тифли 4 моҳа пизишкони бемористони Шимкент ба аҷобат афтиданд.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Қазоқистон, ба табибон муаяссар гардид ҷони ин тифлро аз марг наҷот диҳанд.

Гуфта мешавад, пизишкон пас аз нақли волидони кӯдак, ки мегуфтанд фарзандашон аз дарди узвҳои бадан азоб мекашад, тасмим гирифтанд ӯро аз дастгоҳи компютерӣ гузаронанд.

Аснои ташхис маълум гардид, ки дар меъдаи ин тифл мех руст кардааст ва сабаби дардкашии кӯдак ҳам маҳз мех будааст.

Ҷарроҳии кӯдак бо муваффақият анҷом ёфт ва пизишкон ӯро аз хатари ба марг рӯбару шудан наҷот доданд.

Таҳқиқи сузанхалонӣ ба фарзанд: модари муттаҳамро аз кӯдакаш ҷудо намекунанд

Қайд гардид, ки тифли 4 моҳа пас аз анҷоми ҷарроҳӣ 1 ҳафтаи дигар бистарии беморхона буд, ва сипас бо беҳ шудани вазъи саломатияш аз бемористон мураххас шуд.

Барчаспҳо:
наҷот, пизишкон, кӯдак, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ