18:54 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
автобус, акс аз бойгонӣ

Дар Қазоқистон шахси номаълум автобусҳои мусофирбарро тирборон намуд- навор

© Sputnik / Павел Львов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
173 0 0

Бар асари ҳодисаи мазкур танҳо шишаи нақлиётҳои мусофирбар шикаста, ягон тан аз мусофирон осеби ҷиддӣ надиданд. Феълан кормандони милитсия дастандаркори ин ҳодисаро бозҷӯӣ доранд

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Дар Қарағандаи Қазоқистон нафари номаълум сӯйи автобусҳои мусофирбар оташ кушодаст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Бар хабари манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 8 октябри соли равон, тахминан соати 19:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додаст.

Гуфта мешавад, номбурда автобусҳои № 40 бо 40-45 мусофир, №45 бо 120 мусофир ва № 33 бо 60-70 мусофир ҳадафи ҳамла қарор дода, тирборон намудаст.

Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео

Зимнан кормандони милитсия аснои аз назар гузаронидани дохили автобусҳо муайян намуданд, ки ҳамлагар аз силоҳи пневматикӣ истифода бурдаст.

Феълан алайҳи ҳодисаи мазкур тибқи моддаи 293 қисми 3 банди 2 (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтаст, ки аз 3 то 7 соли маҳрумият аз озодиро дар бар мегирад.

Барчаспҳо:
тирборон, автобус, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ