Намози ҷумъаи оғуштаи хун: ҳалокати 31 намозгузор дар масҷид

© REUTERS \ OMAR SOBHANIПолицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года
Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи қурбониёни инфиҷори масҷид дар Афғонистон аллакай ба 31 нафар расидаст, дар ҳоле. ки қаблан аз кушта шуадни 20 намозгузор гузориш дода мешуд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар Афғонистон намози ҷумъа дар яке аз масоҷиди музофоти Нангаҳор  ба марги даҳҳо нафар анҷомид. Бар хабари агентии Пажвак, аснои номозгузорӣ, ба бинои масҷид мушак партоб шудаст, ки дар натиҷа болопӯши бино фуру рехтаст.

Манбаъ аз қавли намояндагони беҳдошти ин кишвар мегӯяд, шумораи ҳалокшудагон торафт зиёд шуда истодааст. Агар қаблан аз кушта шудани танҳо 20 нафар хабар дода мешуд, то алъон шумораи ҳалокшудагон ба 31 нафар расидаст.

Таркиши интиҳорӣ дар як маркази раъйдиҳии интихоботи раисҷумҳурӣ дар Афғонистон

Зимнан, бар асари ин ҳамалот дасти кам 50 намозгузори дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд.

Феълан масъулияти ин ҳамлаи маргборро ҳеҷ як аз гурӯҳҳои ҷангҷӯ ба уҳда нагирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0