02:01 23 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Афганские поселения на границе Афганистана и Таджикистана

Намози ҷумъаи оғуштаи хун: теъдоди ҳалокшудагон ва захмиён ба 120 нафар расид

© Sputnik / Амир Исаев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
64401

Шумори қурбониён ва захмиҳои ҳамлаи террористӣ ба масҷиде дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон ба беш аз 120 тан афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Ово", Атоуллоҳи Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, бар асари ду ҳамлаи мушакии зӯҳри рӯзи ҷумъа ба масҷиде дар шаҳристони Ҳасаки Минеи ин вилоят, то кунун 62 намозгузор ҷон бохта ва 60 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ин дар шароите аст, ки ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, эҳтимоли афзоиши шумори қурбониён вуҷуд дорад, зеро вазъи саломатии аксари захмбардоштагон ваҳим арзёбӣ мешавад.

Қодиров инфиҷори маросими арӯсӣ дар Афғонистонро шадидан маҳкум кард

Пеш аз ин шумори қурбониёни ин инфиҷорҳои террористиро 31 кушта ва 50 кас захмбардоштаҳо гуфта мешуд.

Ин ҷиноят ҳангоме рӯй дод, ки намозгузорон дар ҳоли баргузории намози ҷумъа буданд.

Ҷаласаи фаврии раисиҷумҳур дар паи инфиҷор дар маросими арӯсӣ

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар паёме зимни маҳкум кардани ин ҷинояти террористӣ эълом кард, ин гурӯҳ ҳеҷ нақше дар ин ҳамалот надошта ва масъулияти ҳамларо бар ӯҳдаи гурӯҳи террористии ДОИШ бор кард.

Барчаспҳо:
ҳалок, намозгузорон, масҷид, намоз

Мавзӯъҳои асосӣ