08:12 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
В Самарканде открылся фестиваль Шарк тароналари

Ҳунармандони тоҷик мардуми Самарқандро тасхир карданд

© Sputnik / Дильшода Рахматова
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
49521

Аҳли театр ба тамошобинони самарқандӣ опереттаи "Найрангҳои Майсара" ва намоиши "Бузаки ҷингилапо"-ро намоиш доданд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Рӯзҳои аз 13 то 19 октябр ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба сафари ҳунарӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбакистон рафтанд.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати 35-нафараи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро дар Театри вилоятии мусиқӣ ва драмаи ба номи Ҳамид Олимҷон аҳли театр бо гулдаста ва карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмонон аҳли театри Самарқанд намоиши театронидашудаи ҷолиберо таҳия намуда, намоиш доданд.

Шоми 14 октябр дар толори мазкур бо иштироки ҳунарпешаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Самарқанд барномаи консертӣ бо номи «Шоми дӯстӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки он аз ҷониби сокинони Самарқанд хеле хуш ва самимӣ пазируфта шуд.

Аҳли театр ба тамошобинони самарқандӣ опереттаи "Найрангҳои Майсара" ва намоиши "Бузаки ҷингилапо"-ро намоиш доданд.

Намоишҳои мазкур, ки яке барои кӯдакон ва дигарӣ барои калонсолон аст, то 19 октябр манзури аҳолии вилояти Самарқанд гардонида шуданд.

Ҳар ду намоиш бо коргардонии Ҳунарпешаии шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна омадаанд.

Барчаспҳо:
тасхир кардан, ҳунармандон, Самарқанд

Мавзӯъҳои асосӣ