17:55 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Афганские талибы, архивное фото

Аъзои зиндонии Толибон метавонанд аз зиндонҳои Афғонистон озод шаванд

© AP / Uncredited
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
620 0 0

Муовини дуввуми раиси ҷумҳурии Афғонистон,эълом кард, давлати ин кишвар ба хотири таҳақуқи сулҳ ҳозир ба озодии аъзои зиндонии Толибон аст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ба нақл аз Хабаргузории “Parstoday”, Муҳаммад Сарвар Дониш гуфт ; дар давоздаҳумин солгарди даргузашти Сайид Мустафо Козимӣ, вазири пешинии бозаргонии Афғонистон,афзуд, Толибон бояд бо коҳиши доманаи хушунатҳо ва мувофиқат бо оташбас тамоюули худро ба барқарори сулҳ нишон диҳад. Коҳиши хушунат, эълом ва иҷроии оташбас ва шуруъи музокироти мустақими сулҳ ,калиди тақвияти эътимод аст.

Вай бо таъкид бар ин матлаб,ки сулҳ бе мушорикати афғонҳо, ҷодаи яктарафа аст,эҳтимоли ташкили давлати мувақат дар Афғонистонро рад кард ва гуфт, овозаҳо дар бораи давлати мувақат моро ба самти буҳронӣ дигар сувқ медиҳад.

Юнус Қонунӣ, раиси собиқи маҷлиси Афғонистон, аз дигар суханронон дар ин маросим, таъкид кард,раванди сулҳ бе ҳузури давлати Афғонистон ва намояндагони мардуми кишвар , раванди мувафақ нахоҳад буд. Сулҳ хостаи мардуме аст,ки чил сол даргири ҷанг ҳастанд, сулҳ ниёзи миллии мост.

Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурии Афғонистон, душанбе пеш дар гуфтугуи телефонӣ бо вазири хориҷаи Чин , бо баргузории нишасте бо ҳузури намояндагони Толибон дар Пекин ва гуфтугу дар бораи тавофуқномаи сулҳ мувофиқат кард.

Барчаспҳо:
зиндон, озод, авфи зиндониҳо, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ