23:26 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане

Сесад ҷангии ДОИШ дар Афғонистон ба мақомоти амниятӣ таслим шудаанд

© AFP 2019 / NOORULLAH SHIRZADA
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
913 0 0

Дар шарқи Афғонистон дасти кам 300 нафар аз ҷангандаҳои гурӯҳи террористии ДОИШ ба мақомоти амниятии кишвар таслим шуданд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik.  Ҷангиёни давлати ба ном исломӣ иборат аз 300 нафар ба амниятиҳои афғон таслим шуданд ва силоҳи худро  ба замин гузоштанд, хабар медиҳад шабакаи Tolo News.

Манбаъ меафзояд, дастгир шудани ҷангиёни ДОИШ дар вулусволии Нангарҳор сурат гирифт ва миёни террористон занону кӯдакон низ қарор доранд.

Зикр мегардад, ки як қисмати ҷангиёни таслимшуда, шаҳрвандони Покистон мебошанд.

Бояд гуфт, ки муборизаи  мақомоти амниятии Афғонистон бо террористони ДОИШ вақтҳои ахир пурзӯр гардидаст ва аллакай чандин вулусволие, ки толибон ишғол карда буданд, бозпас аз дасти онҳо гирифта шуд.

Вакили Думаи давлатӣ: "Доиш"-иҳо метавонанд тариқи Тоҷикистон ба Русия оянд

Бо вуҷуди ин ҳузури ҷангиёни ДОИШ дар Афғонистон ба авҷи аъло расидаст ва ҳамчунин боиси нигаронии кишварҳои ҳамсоя гардидааст.

Барчаспҳо:
таслим, Афғонистон, ДОИШ

Мавзӯъҳои асосӣ