“Ман сагбача нестам”: имтиҳони сангине барои ҳукумати Мирзиёев

© Пресс-служба президента УзбекистанаВ Нарынском районе состоялось собрание актива
В Нарынском районе состоялось собрание актива  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Kun.uz як пойгоҳи иттилоотии Узбакистон эълон кард, ки сӯитафоҳум бо ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев бо ҳусни тафоҳум поён ёфт.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ду хабарнигори сомона, ки аз сӯи мири шаҳр таҳқир шуда буданд, аз кор рафтанд.

“Ман сагбача нестам” – навишт ҳар яке. Дар Тошканд чӣ иттифоқ афтод? Оё ҳукумати Шавкат Мирзиёев аз ин буҳрон ва ё имтиҳони озодии баён гузашт? 16 ноябр дар шабакаҳои интернетӣ сабти овозие пахш шуд, ки дар он ҳокими шаҳри Тошканд – пойтахти Узбакистон журналистонро таҳқир ва таҳдид ба марг мекунад.

Алексей Куприянов - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: пайвастшавии Узбакистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба нафъи ҳама аст

Ӯ онҳоро “маҳлуқи пасттарин”, “бачаи саг”, “ифлос”, “қашшоқ”, “хурӯс” ва ғайра номида, таҳдид мекунад, ки агар хоҳад касе бо онҳо дар маҳалла ҳарф намезанад, волидайнашон сар боло карда наметавонанд, аз онҳо “гей” месозад ва ҳатто онҳоро нобуд хоҳад кард. “Агар ду – се рӯз аз хона ғайб занад, касе суроғаш намекунад.

Ин ҷову он ҷо менависанд, як ҳафта баъд фаромӯш мекунанд. Куҷое ғарқ шуда рафт, мегӯянд. Тамом! Ҳаёт чунин аст!” Аммо дар Узбакистон дигар ҳаёт чунин нест. Ин сабт ҷомиаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ин кишварро ба по хезонд.

Расонаҳо ва аҳзоби сиёсӣ бархӯрди ҳокими Тошкандро хилофи сиёсати президент Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карда, ин суолро матраҳ намуданд, ки ҳоло кӣ душмани сиёсати имрӯза аст – журналистон ё Ортиқхӯҷаев? Блогере ба номи Bakiroo чунин навишт: “Ҳокимият одамро вайрон мекунад. Ҳокимияти беандоза одамро беандоза вайрон мекунад”.

Қазия дар Твиттер, Фейсбук, Инстаграм ва Телеграм хештегҳоеро, назири #бизитниболасиэмасмиз (мо сагбача нестем), #журналиститниболасиэмас (рӯзноманигор бачаи саг нест), истеъфо ва ғайраро ба вуҷуд овард.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев  - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев: дар Узбакистон пӯшидани рӯймол ҳеҷ гоҳ мамнӯъ намешавад

Ва он қадар доғ шуд, ки раҳбари маркази матбуоти ҳукумати шаҳри Тошканд дар сафҳаи Фейсбуки худ чунин нигошт: “Ба рӯзноманигороне, ки сабти ғайриқонунии кадом як номард, аблаҳро, ки ҳанӯз шарҳ дода ва “паҳнкунандагон” – и он пайдо нашудааст, дар сомонаи худ ҷой медиҳанд, чӣ метавонем бигӯем?” Ин баҳс дар шабакаҳои иҷтимоии интернети Узбакистон ба таври густарда баррасӣ шуд ва ҷонибдорону мухолифини худро дошт.

 Яке ҳокимро мазаммат мекард, дигарӣ рӯзноманигоронро. Аммо паллаи мунтақидони ҳокими Тошканд дар ин тарозуи баҳсҳо то охир вазнинӣ кард.

Аҳзоби сиёсии Узбакистон низ канорагирӣ накарданд. Ҳизби сотсиал – демократии “Адолат” ин суханони Ортиқхӯҷаевро хилофи усули ҷомеае арзёбӣ кард, ки “дар он ҳуқуқҳои инсон устуворанд”.

Ҳатто Ҳизби ҳокими халқӣ – демократии Узбакистон таҳдиди ҳокими Тошкандро “беҳурматӣ ба халқу давлат” арзёбӣ кард. Дар ин миён аҳзобе, назири “Миллий тикланиш” аз изҳори назар дар баробари ин қазия ба ин далел, ки “шарҳи ин мавзӯъ ба Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев ва муаллифи хабар марбут аст», худдорӣ карданд.

Агентии иттилоот ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи президенти Узбакистон дар оғоз расман эълом дошт, ки қазияро тариқи Иттиҳодияи эҷодии рӯзноманигорони Узбакистон пайгирӣ хоҳад кард.

 Аммо пас аз доғ шудани мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 17 ноябр зимни як иттилоияи расмӣ эълом дошт, ки барои таҳқиқи қазия ба вазорати адлия ва Сарпрокуратураи Узбакистон хаттӣ муроҷиат кардааст ва мунтазири таҳқиқи ин ниҳодҳо хоҳад шуд.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев ба қонун дар бораи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ тағйирот ворид кард

 “Бовар дорем, ниҳодҳои масъули таъмини устувории қонун ва ҳифзи ҳуқуқи мардуми кишвар ба ин масъала баҳои зарурии ҳуқуқӣ хоҳанд дод. Аз рӯзноманигорон ва блогерҳоямон хоҳиш мекунем, ки то додани баҳои ҳуқуқӣ ба вазъият ба ҳиссиётҳо дода нашаванд ва хулосаҳои саросемавор набароранд”, - омадааст дар иттилоияи Агентии иттилоот ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи президенти Узбакистон.

Сарпрокуратураи Узбакистон низ дар сафҳаи “Телеграм” – и худ хабар дод: “...сабти 16 ноябри соли 2019 нашршуда дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки таъкид мешавад ба ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев мансуб аст, аз рӯи ҳолатҳои ҳақиқӣ будан ё набудан, кай, дар куҷо ва дар кадом ҳолат рух додани ҳодиса омӯхта мешавад”.

Кор ба ин ҷо кашид, ки ҳатто ҳукумати шаҳри Тошканд дар сафҳаи “Телеграм” – и худ навишт: “Сабте, ки ба сифати овози ҳокими шаҳри Тошканд дар васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ 16 ноябри соли равон пахш шуд, сабаби муҳокимаҳо шудааст.

Дар робита ба рӯшанӣ андохтан ва ҳаматарафа омӯхтани он аз ҷумлаи идораҳои зирабт гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд” Ҳам Сарпрокуратура ва ҳам ҳукумати шаҳри Тошканд ваъда супурданд, ки натиҷаҳои таҳқиқро эълон хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, бегоҳи рӯзи 17 ноябр сомонаи “Кун.уз” хабар дод, ки кормандонаш бо ҳокими шаҳри Тошканд як мулоқот анҷом дода, сӯитафоҳумҳои онҳо аз миён рафт ва ҷонибҳо ба як ҳусни тафоҳум расиданд. Ин расона навишт, ки намехоҳанд аз қазияи пешомада нерӯҳои дигар истифодаи сӯ кунанд.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев  - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев ба ваъдааш вафо кард: ҷарима барои меҳнати иҷборӣ дар Узбакистон сангинтар шуд

Ба назар мерасид, ки ихтилофи ҳокими Тошканд ва рӯзноманигорони “Кун.уз” фурӯкаш мешавад. Аммо пас аз зӯҳри 18 ноябр Баҳодур Аҳмадов ва Зафарбек Солиҷонов, хабарнигорони “Кун.уз”, ки аз сӯи ҳокими Тошканд таҳқиру тавҳин шуда буданд, аз тарки кор дар ин нашрия хабар доданд. Ҳар яке аз онҳо навишт: “Ман саг нестам ва “последний твар” (махлуқи пасттарин) ҳам нестам”.

Зафар Солиҷонов дар сафҳаи “Телеграм” –и худ ба ҳокими Тошканд гуфтааст: “Ғурурам аз падарам мерос мондааст. Он аз ҳама чиз болост. Ҳаққи поймол кардани онро надоред.

Аммо як нуктаро бояд фаҳмед: дар ин ҷанг касе пирӯз намеояд. Бахусус, шумо".

Баҳодур Аҳмедов низ дар сафҳаи “Телеграм” – и худ навишт: “Шумо пирӯз наомадаед, имиҷи давлатро барбод доданатонро фикр кунед”. Оё бо ин баҳси ҳокими Тошканд ва рӯзноманигорон ба анҷом мерасад? Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши худро ба анҷом нарасондаанд.

Агар расонанд ҳам, кӣ ба додгоҳ меравад – ҳокими Тошканд ё рӯзноманигорон? Замони Ислом Каримови сахтгир нест. Замони таҳаввулоти демократии Шавкат Мирзиёев аст. Маъмурияти ӯ ваъдаи расонидани ҳақ ба ҳақдорро додааст, аммо ҳоло ки миёни ду тараф сулҳ афтодааст, ин рафтори корманди ҳукумати худро чӣ гуна таъриф хоҳад кард? Офтобро ку ба доман пӯшидан натавон... Анҷоми ин қазия парда аз рӯи воқеиятҳои аслии Узбакистон хоҳад бардошт ва воқеан, як имтиҳони сангини озодии баён барои ҳукумати Шавкат Мирзиёев аст.

Лентаи хабарҳо
0