08:32 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Боевики ИГ (террористическая организация, запрещена в РФ) и движения Талибан в полицейском отделении в Афганистане

Асорати доишиён аз Тоҷикистон, Узбакистон, Озарбойҷон... дар Афғонистон

© AFP 2019 / NOORULLAH SHIRZADA
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
747 0 0

Вазорати дифоъи Афғонистон аз асорати теъдоди бузурги ҷангҷӯёни Давлати ба ном исломӣ хабар дод. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Малдив шиносоӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Вазорати дифоъи Афғонистон аз асорати теъдоди бузурги ҷангҷӯёни Давлати ба ном исломӣ хабар дод.

Фавод Амон, муовини сухангӯи ин ниҳод ба  Sputnik Тоҷикистон гуфт, мақомоти қудратии Афғонистон пас аз таҳқиқи ҷангиёни таслимшудаи ДОИШ маълум карданд, ки дар миёни онҳо 243 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Вай афзуд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Малдив шиносоӣ шудаанд.

Туркия 21 тоҷикистонии узви ДОИШ-ро ба Тоҷикистон истирдод мекунад

"Онҳо зимни амалиёти муштарак ва густардаи мақомоти амниятии Афғонистон дар вулусволиҳои Ачин ва Муҳманддараи вилояти Нангарҳор ба асорат афтодаанд", - афзуд Фавод Амон.

Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, ин 243 ҷангҷӯи ДОИШ бо 625 зану кӯдак ба давлат таслим шудаанд, ки бештарини онҳо аз минтақаи Оракзай ва Боҷавури Покистон ҳастанд, аммо теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Эрон низ қобили мулоҳиза аст.

"Дар ҳоли ҳозир мо ҳуввияти аслии онҳоро тасбит мекунем", - афзуд ин манбаъ. Амалиёти зидди ДОИШ, ки аз сӯи ҳукумати Афғонистон дар Нангарҳор рӯи даст гирифта шуда буд, ҳудуди як моҳ идома дошт. Нангарҳор, вилояте дар шимолу шарқи Афғонистон пойгоҳи аслии ДОИШ дар минтақа маҳсуб мешуд.

"Аз доишиҳои боздоштшуда маълум шуд, ки фармондеҳони ДОИШ ба онҳо фармон додаанд, ки ё ба Чаппадараи вилояти Кунар ё Шимоли Афғонистон фирор кунанд. Аксари онҳо ба хотири хонаводаҳои худ асоратро ихтиёр кардаанд", - гуфт Фавод Амон.

Чанд рӯзи қабл мақомоти Афғонистон эълон доштанд, ки ДОИШ дар Афғонистон пурра саркӯб шудааст. Вазири корҳои дохилии ин кишвар гуфт, ки вилояти Нангарҳор бузургтарин пойгоҳи “Вилояти Хуросон” – и ДОИШ дар минтақа ба ҳисоб мерафт, пурра суқут карда, ҳудуди 300 ҷангии ин гурӯҳ бо аъзои хонаводаашон ба нерӯҳои ҳукуматӣ таслим шудаанд.

ДОИШ дар Афғонистон ба гурӯҳи худ атбои хориҷӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб мекардааст

Қаблан вазорати дифои Афғонистон аз теъдоди зиёди кушташудагони ДОИШ, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳастанд, низ иттилоъ дода буд. Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, кушташудаҳо ҳанӯз тасбити ҳуввият нашудаанд,

Барчаспҳо:
ДОИШ, асорат, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ