11:43 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
332 0 0

Ноиби президенти Ассосиатсияи футболи Узбакистон Равшан Эрматов ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пероҳани тими миллии ин кишварро ҳадя намуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Тошканд бо шароити Варзишгоҳи "Миллий", ки дар он бозиҳои хонагии дастаи "Бунёдкор" ва тими миллии Узбакистон доир мегардад, шинос шуд, хабар медиҳад  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ бо шароитҳои барои футболбозон ва мухлисон фароҳам овардашуда шинос гардид.

Рустами Эмомалӣ аз Humo Arena ва боғи "Наврӯз" - и Тошканд боздид кард - акс

Ҳамчунин, зимни боздид аз осорхонаи варзишгоҳ Рустами Эмомалӣ аксҳои Нуриддин Амриев – футболбози собиқадори тоҷикистонии дастаи "Пахтакор"-ро тамошо кард.

Манбаъ меафзояд, зимни боздид аз Варзишгоҳи "Миллий" Рустами Эмомалӣ бо ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Узбакистон, довари дар гузашта маъруф Равшан Эрматов мулоқот кард. 

Рустам Эмомали посетил Ташкентский национальный стадион
© Пресс-служба президента Узбекистана
Рустам Эмомали посетил Ташкентский национальный стадион

Равшан Эрматов, ки дар се қаҳрамонии ҷаҳонии охир ҳакамӣ кардааст, ба Рустами Эмомалӣ пероҳани тими миллии Узбакистонро таҳти рақами 7 тақдим намуд.

Барчаспҳо:
тӯҳфа, Узбакистон, Рустами Эмомалӣ

Мавзӯъҳои асосӣ