18:31 19 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
594 0 0

Муҳлати зиндони Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов бори дигар дароз карда шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Хабари тамдид гардидани ҳукми Гулнора Каримоваро духтари ӯ Имон Каримова дар сафҳаи Instagram коштааст. Вале Каримоваи хурдӣ нагуфтааст, ки муҳлати зиндони модари ӯро кӣ ва кай тамдид кардааст.

"Тими мо ба далели афзоиши суолҳои шаҳрвандон ва рӯзноманигорон нашри маълумоти комилро дар бораи ангезаҳои сиёсии парвандаи зидди Гулнора Каримова оғоз мекунад", — навиштааст набераи президенти нахустини Узбакистон 3 декабр дар ​Instagram.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии тафтишот айбдор кардани Гулнора Каримова дар тамоми мушкилот, нокомиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Узбакистон аст.

"Бори панҷум аст, ки ҳукми зиндони ӯро тамдид мекунад. Онҳо аз тарси он ки амалҳои бештари аъзои ҳукумати кишвар ифшо нашавад, модарамро дар танҳоӣ нигаҳ медоранд", — афзудааст Имон.

"Ба парвандаи ахир бидуни шарҳ муҳри махфӣ заданд, ки ҳатто вакилони дифоъ дастрасӣ ба маводи парвандаро надоранд. Ин хилофи Конститутсияи Узбакистон буда, бори аввал ҳам нест. Ҳамин тариқ вакилони дифоъ ва наздикони Каримова дар бораи парвандаву вазъи саломатии ӯ хабар надоранд. Бино ба маълумоти ахир, вазъи ӯ вахим аст. Рӯзҳои наздик муфассалтар ифшо мешавад, ки бад шудани вазъи саломатии Каримова дар ҳукумат ба нафъи кист", — навиштааст Имон.

Гулнора Каримова ба беморхона интиқол ёфт

Имон Каримова чаҳор рӯз пеш хабар дод, ки аз ин ба баъд саҳифаи ӯ — iman.k17-ро дар Instagram ҳуқуқшиносон ва бародараш Ислом Каримови хурдӣ, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, идора хоҳанд кард.

Вакили дифои швейтсарии Гулнора — Грегуар Манжа 25 ноябр дар Twitter хабар дод, ки ба ҳамаи дархостҳои ӯ барои мулоқот бо Гулнора Каримова мақомоти Ӯзбекистон ҷавоби рад додаанд.

Барчаспҳо:
тамдид, зиндон, ҳукм, Гулнора Каримова

Мавзӯъҳои асосӣ