00:09 13 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
204 0 0

Раисҷумҳури Узбакистон гуфт, ислоҳоти ӯ васоити ахбори Узбакистонро мустақилтар ва онро ба як “нерӯи воқеӣ” табдил кардааст

ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Шавкат Мирзиёев ин эътирофотро дар суханронии худ бахшида ба 27 – солгарди қабули Қонуни асосӣ (конститутсия) – и Узбакистон ба забон овард.

Вай гуфт, озодии баён яке аз василаҳои расидан ба волоияти қонун аст ва ВАО бояд “оинаи ҷомиа” дар раванди риояи қонуният бошанд.

Вай афзуд, тайи се соли ахир дар Узбакистон ислоҳоте роҳандозӣ шудааст, ки ба озодсозӣ ё либерализатсияи ВАО нигаронида шудааст.

“Худи ҳозир матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як нерӯи боризи ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд. Онҳо василаи назорат аз фаъолиятҳои кормандони давлатиянд”, - афзуд Шавкат Мирзиёев.

Раисҷумҳур мегӯяд, озодии баён дар ин баён мешавад, ки рӯзноманигорон ҷасурона мавзӯъоти аҳамияти ҷамъиятӣ доштаро матраҳ мекунанд ва матолиби пурсарусадоро ба нашр мерасонанд.

“Ташаккури зиёд ба васоити ахбори умум ва блогерҳо. Гапҳои зиёде дар Узбакистон озод гуфта мешаванд, ҳама инро мебинад. Аммо як нуктаро бояд бидонед, ин ошкорбаёнӣ ҳеҷ гоҳ ба қафо барнамегардад! Ҳар қадар ошкорбаёнӣ бештар шавад, васоити ахбори умум ба мардуми мо мушкилоти аслиро ҳар қадар бештар расонанд, ман минҳайси раҳбар аз онҳо миннатдор мешавам. Танқид, албатта, зарур аст. Ҳоло танқид ҳам шуда истодааст, хулоса ҳам. Аммо ҳамаи мо дар ҷустуҷӯ ва омӯзишем. Узбакистони навинро месозем, китф ба китфи ҳам гузошта, халқамонро бояд розӣ кунем. Бори дигар такрор мекунам, ҳама бояд донанд: дар Узбакистон ба ҳеҷ гуна фишор алайҳи ҳаққу ҳуқуқҳои намояндагони назорати ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум роҳ дода намешавад”, - гуфт раисҷумҳури Узбакистон.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин афзуд, мақомоти давлатии Узбакистон, тибқи урфи як ҷомиаи демократӣ, хадамоти матбуотии худро барои ба таври оҷил огоҳ кардани мардуми кишвар аз фаъолиятҳои худ таъсис додаанд ва иртиботашонро бо онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба роҳ мондаанд.

 Таъкиди Шавкат Мирзиёев бар бебозгаштии раванди озодии баён дар кишвараш дар пайи бархӯрди рӯзноманигорони kun.uz, як пойгоҳи иттилоотӣ бо ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев садо медиҳад, ки чанде қабл ҷомиаи рӯзноманигорӣ ва маҳофили сиёсии Узбакистонро ба по хезонда буд.

16 ноябр дар шабакаҳои интернетӣ сабти овозие пахш шуд, ки дар он ҳокими шаҳри Тошканд журналистонро таҳқир ва таҳдид ба марг карда, онҳоро “маҳлуқи пасттарин”, “сагбача”, “ифлос”, “қашшоқ”, “хурӯс” ва ғайра меномад ва таҳдид мекунад, ки агар хоҳад аз онҳо “гей” месозад ва ҳатто онҳоро нобуд хоҳад кард.

Дар пайи ин баҳс ду хабарнигори kun.uz расонаро тарк карданд ва ҳар яке гуфт: “Ман сагбача нестам!” Иддае аз коршиносон ин иттифоқи ногуворро имтиҳони ҳукумати Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карда, дар интизори вокуниши шахси ӯ нишаста буданд. Ҳоло ба назар мерасад, ки раисҷумҳури Узбакистон посухи худро гуфт.

Барчаспҳо:
ВАО, сипосгузорӣ, Мирзиёев, табдил, мустақил, Раисҷумҳур, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ