07:04 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
698 0 0

Дар бинои Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон имрӯз бояд баррасии парвандае, ки собиқ раисҷумҳури ин кишвар низ дар он муттаҳм мешавад баргузор мегардид

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз бо нигаронии зиёд толори суди сайёрро тарк кард, гуфт вакили мудофеи ӯ Сергей Слесарев.

Ба изҳори Слесарев, имрӯз дар бинои КДАМ суди сайёр баргузор гардид, ки Отамбоев бо изҳори нигаронӣ толори онро тарк кард.

Вакили мудофеи Отамбоев шарҳ додаст, ки дархости онҳо бобати иваз кардани макони баргузории суд ва ҳамчунин бе ҳузури Алмосбек Отамбоев доир гардидани мурофиа комилан рад гардид, ки боиси нигаронии собиқ раисҷумҳури Қирғизистон гашт.

"Утоқе, ки дар он ҷо мурофиаи судӣ баргузор мегардад, на ба талаботи санитарӣ ва на ҳуқуқӣ ҷавобгӯ аст. Тасаввур кунед, масоҳати утоқ ҳамагӣ 12- 15 метр мукааб ташкил медиҳад, ки дохили он 18 нафар қарор доранд. Мо ҳарчанд дархост кардем, ки макони баргузории мурофиа иваз карда шавад, аммо талаби моро ба инобат нагирифтанд. Аз ин рӯ Алмос Шаршенович толори суди сайёрро тарк кард, - гуфт Слесарев.

Қаблан низ баррасии парвандаи ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев, ки Отамбоев низ дар ин парванда муттаҳам дониста мешавад, бинобар мариз будани собиқ раисҷумҳур ба таъхир гузошта шуд.

Қаблан парлумони Қирғизистон қарори комиссиюни давлатиро дар гунаҳкор кардани президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бетартибии моҳи август дастгирӣ карда буд.

Отамбоев гузаштан аз муоинаи равониро рад кард

Аъзоёни ин  комиссия бар ин назаранд, ки собиқ президенти кишвар бо роҳи зӯроварӣ нияти сари қудрат омаданро дошт.

"Аз 120 нафар вакилон 87 нафар ба ҷонибдорӣ аз ин тасмим раъй доданд.Тибқи ин изҳорот роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии кишвар, "сарфи назар аз хатогиҳо ва иштибоҳҳо, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунгузории Қирғизистон амал намуданд", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли равон мақомоти амниятии ин кишвар собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро дастгир намуд.

Барчаспҳо:
вакил, суд, Алмосбек Отамбоев

Мавзӯъҳои асосӣ