12:38 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
227 0 0

Ҷангиёни ҳаракати ҷунбиши Толибон барои маротибаи дувум дар давоми як ҳафта ба посгоҳи мусаллаҳи Афғонистон ҳамла оварданд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳамлаи навбатии ҷангиёни ҳаракати Толибон ба посгоҳи Афғонистон дар пай талафоти ҷонӣ дошт, хабар медиҳад расонаҳои дохилии ин кишвар.

Ба иттилои хабаргузориҳои Афғонистон, ин аллакай дувумин ҳамалоти Толибон дар як ҳафтаи ахир мебошад.

Ин навбат Толибон посгоҳи низомиён мустақар дар вилояти Ҳилмандро задафи ҳамла қарор доданд.

Ҳалокати даҳ низомии афғон дар набард бо ҷангиёни Толибон

Бар асари ҳамлаи интиқорӣ ва мусаллаҳонаи ҷангиёни ҳаракати Толибон дасти кам 10 низомии афғон кушта шуданд ва ҳамзамон 4 ҳарбии дигар сахт ҷароҳат бардоштанд.

Гуфта мешавад, замони ҳамлаи Толибон дар посгоҳ ҳамагӣ 16 низомӣ қарор доштанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Толибон посгоҳи низомӣ воқеъ дар вилояти Балхро ҳадафи ҳамла қарор дода буданд.

Барчаспҳо:
ҳамла, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ