16:24 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.46
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
396 0 0

Сармои шадид ва боришоти сангини барф дар шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон мунҷар ба ҳалокати 14 нафар гардидаст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Дар Афғонистон шабонарӯзи гузашта бар асари сармо ва боришоти барфи зиё, дасти кам 14 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бар хабари расонаҳо, дар миёни ҳалокшудагон  зану кӯдакон қарор доштанд.

Ба иттилои сухангӯи манотиқи Ҳирот бар асари бориши сангини барф чанд хонаи маскунӣ фурӯ рехт, ки бар асари он ҳашт нафар, аз ҷумла шаш узви як хонавода ҷон бохтанд.

Зимнан, дар робита ба боришоти зиёди барф феълан манотиқи Ҳирот дар муҳосира қарор дорад.

Фаромадани нахустин тарма дар соли 2020 дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Гуфта мешавад, рӯзи гузашта низ бар асари фурӯ рехтани сақфи як хона дар устони Қандаҳор шаш нафар, аз ҷумла се зан ва се кӯдак кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳафтаи гузашта низ бар асари сармои шадиди ҳаво дар ин вилоят 31 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Барчаспҳо:
барф, сармо, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ