22:55 26 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
266 0 0

Сокинони Кок - Тоши Қирғизистон, ки мошини як шаҳрванди Тоҷикистон сангандозӣ намуданд, ба мӯҳлати 1 моҳ ба ҳабс гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Қадамҷойи вилояти Ботканд чанде пеш ҳукми чаҳор нафари муттаҳам дар ноамнии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистонро эълом кард, хабар медиҳад сомонаи 24 kg бо истинод ба котиботи Вазорати умури дохилии ин вилоят.

Ба иттилои манбаъ, Нурбек, Ҳусен, Улуғбек Сапарбоевҳо ва Зайниддин Бердиев, ки мошини шаҳрванди Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор дода, сангборон намуданд, ба муддати як моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, муттаҳамон бегоҳи рӯзи 11- уми январ боздошт гардиданд ва онҳо ба иғвоангезии муноқиша дар сарҳад гумонбар дониста мешаванд.

Мӯйсафеди қирғиз дар бораи зиндагӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт - видео

Қобили зикр аст, ки музокироти ҳайтаҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти раҳбарии муовинони сарвазирони ду кишвар – Азим Иброҳим ва Жаниш Раззоқов соати 10.00 ба вақти Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзии “Гулистон” - и шаҳри Исфара ва “Қизил Бел” – и ноҳияи Бодканд шурӯъ шуда то ҳол идома дорад.

Дар ин музокироти Юсуф Раҳмон, прокурори генералӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳамтоёни онҳо аз Қирғизистон – Ӯткурбек Ҷамшедов, прокурори генералӣ, вазири корҳои дохила - Кашкар Ҷунушалиев, раиси КДАМ Орозбек Опумбоев ширкат доранд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, марз, ҳабс, иғво, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ