12:55 21 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Дар Тошканд кӯдаки 3 - сола аз ошёнаи 5 - ум ба замин сарозер шуд ва зинда монд. Ҷони ӯро ҳамсояҳо аз марг наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар интернет навори аз ошёнаи 5 - ум ба замин сарозер шудани кӯдаки 3 - сола чарх мезанад. Ин ҳодиса дар шаҳри Тошканди Узбакистон рух додаст. 

Дар навор маълум аст, ки кӯдак аз тирезаи хонааш дар берун алвонҷ мехӯрад ва ҳарчанд кӯшиш мекунад, ки худро дохили хона ворид кунад, вале ба ӯ ин кор муяссар намешавад.

Ба имдоди ин кӯдак ҳамсояҳо ва роҳгузарон шитофта, кӯрпаи калонро зери тирезаи ӯ оростанд ва аз чор қисм онро сахт доштанд.

Чун кӯдак пай бурд, ки талоши ӯ бенатиҷа аст, худро аз боло ба замин ҳаво дод.

Бо кӯмаки ҳамсоя кӯдак ҷон ба саломат бурд.

Гуфта мешавад, пас аз ин ҳодиса мошини Ёрии таъҷилӣ давоми 7 дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯдакро ба бемористон интиқол дод.

Вазорати тандурустии Узбакистон мегӯяд, ки вазъи писарбача хуб аст.

Барчаспҳо:
навор, сарозер, кӯдак, Тошканд

Мавзӯъҳои асосӣ