02:10 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (91)
890 0 0

Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов қайд кард, ки раванди гуфтушунид бо Тоҷикистон дар масъалаи марзӣ дар шакли доимӣ гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов гуфт, ки масъалаи аломатгузорӣ дар марз таҳти назорати доимӣ қарор дорад, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии ҳукумати ин кишвар.

"Делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ - раванди мушкил ва меҳнатталаб аст. Раванди гуфтушунид дар ин росто доиман баргузор мешавад, гурӯҳҳои корӣ аллакай кор мебаранд, миёни ҷонибҳо ҳамдигарфаҳмӣ аст. Ҷониби Қирғизистон тарафдори ҳалли зудтари масъалаи марзӣ аст", - қайд кард Раззоқов.

Аз Ятимов то Раҳимзодаю Раҳмон дар сарҳаданд: ченкунию гуфтушуниди генералҳо дар марз

Ӯ гуфт, раванди гуфтушунидро даргириҳо миёни сокинони наздимарзӣ, ки ба талафоти ҷонӣ ва афзоиши тарсу ҳарос миёни мардум оварда мерасонад, мушкилтар мекунад.

Ба фикри ӯ кормандони мақомоти қудратӣ дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ бояд, миёни сокинони наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор кунанд, то низоъҳо пешгирӣ карда шаванд.

Эътироз: талаби насби симхор бо Тоҷикистон, истеъфои Раззоқов ва раҳоии боздоштшудаҳо-акс

Раззоқов ҳамчунин қайд кард, ки мувофиқи тавофуқномае, ки дар паи гуфтушуниди намояндагони воломақоми ду кишвар дар шаҳри Исфара ҳосил шуд, феълан барои аломатгузории ҳудудҳои алоҳидаи Ботканд ва Исфара барномарезӣ мешавад.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунин ба ин тавофуқ расиданд, ки дар навбати аввал аз 467 километри марзи баҳсӣ 114 километри онро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд

Дар баробари ин дар ояндаи наздик дар минтақаҳои баҳсӣ чароғаки роҳнамо ва камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (91)

Мавзуъ

Вазъият мураккаб аст: изҳороти КДАМ дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Изҳороти КДАМ дар бораи тирпарронии шабона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Барчаспҳо:
муноқишаи марзӣ, Тоҷикистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ