Узбакистон содироти газро аз соли 2025 мамнӯъ мекунад

© Пресс-служба Президента РТПремьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора нахуствазири кишвар хабар дода афзудаст, ки ҷумҳурӣ бо далели зиёд будани талаботи дохилӣ содироти газро муваққатан қатъ мекунад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Узбакистон итиқоли газро ба кишварҳои хориҷӣ муваққатан қатъ мекунад, гузориш медиҳанд расонаҳои кишвар.

Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Дар зарфи ҳафт моҳ Тоҷикистон аз Узбакистон 72 миллион метри мукааб газ харидорӣ намуд

Бино бар иттилои манобеъ, нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов далелеи ин иқдоми кишварашро зиёд будани талаботи дохилӣ гуфтааст.

"Содироти гази ин кишвар аз соли 2025 ба далели истифода дар саноеи дохилӣ қатъ хоҳад шуд", - таъкид кардааст Орипов.

"Тоҷиктрансгаз" аз Узбакистон 70 миллион метри мукааб газ харид

Тавсиаи бахши сӯхти энергия яке аз бахшҳои калидии иқтисод аст ва тибқи барнома, то соли 2025 -и мелодӣ тавлидоти энергия тақрибан ду баробар, фаровардаҳои нафтӣ 1, 8 баробар, истихроҷи гази табиӣ 1, 2 баробар ва кумур 3, 3 баробар афзоиш хоҳад ёфт, афзудааст вай.

Узбакистон аз лиҳози истихроҷи гази табиӣ мақоми дуввумро дар байни кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ  дорад ва яке аз 10 кишвари истихроҷкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон мебошад.

Ин кишвар ҳамчунин солона 61 миллиард метри мукааб гази табиӣ тавлид ва бахше аз онро ба Чин ва Русия содир мекунад.

Лентаи хабарҳо
0