17:24 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (87)
645 0 0

Табодули замин миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон танҳо бо розигии сокинони наздимарзӣ сурат мепазирад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Табодули замини миёни Тоҷикистону Қирғизистонро бо сокинони наздимарзӣ баррасӣ мекунанд, изҳор дошт дар нишасти ҳукумат сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов.

"Бе розигии сокинони маҳаллӣ ягон табодули замин намешавад", - гуфт ӯ.

Ба гуфти Раззоқов, барои табодул ду минтақа - Оқ-Сой ва Самарқандак пешниҳод мешаванд.

"Мо барои ҳар ваҷаб ҷон меканем": Раззоқов фурӯши замин ба тоҷиконро хиёнат гуфт

Нахуствазир ваъда дод, ки ба ҳамаи сокинони наздимарзии аз 18-сола боло, ҳуқуқи ибрози андеша дода мешавад.

Ахиран шоми 9 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух дод. Дар паи ин таниш сокинони наздимарзӣ ҳамдигарро сангборон карданд.

Раззоқов гуфт, чӣ аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мушкил мекунад

Ёдрас мешавем, ки ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14 январ, ба ин тавофуқ расиданд, ки дар навбати аввал аз 467 километри марзи баҳсӣ 114 километри онро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд.

Дар баробари ин дар ояндаи наздик дар минтақаҳои баҳсӣ чароғаки роҳнамо ва камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (87)
Барчаспҳо:
табодул, Жениш Раззоқов, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ