Орзуи Мирзиёев: "ҳар як узбакистонӣ соҳиби хонаи худ бошад"

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиеев
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мушкилоти камбизоатиро танҳо бо пардохтҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ наметавон ҳал кард. Ин проблемаро ба таври қатъӣ ҳал кардан зарур аст

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон дар паёми худ ба парлумони кишвар аз орзуи деринааш гуфт, хабар медиҳад Sputnik Узбакистан.

"Ман орзу дорам, ки ҳар як узбакистонӣ хонаи худро дошта бошад. Чаро ки соҳиби манзили зист шудан бисёр мушкил аст. Аксари шумо аз вилоятҳо ҳастед ва ин мушкил бароятон бегона нест", - изҳор намудаст Мирзиёев.

Вазифаи асосии Узбакистон баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар шаҳрҳо ва вилоятҳо ва таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ мебошад, таъкид кард Мирзиёев.

Ислам Каримов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев: замони ҳукмронии Ислом Каримов даврони тарсу ҳаррос буд

"Пӯшида нест, ки дар деҳаҳои дурдаст, шумораи одамони камдаромади кишвар аз рақамҳои расмӣ зиёдтар аст. Тибқи арзёбии гуногун, ин 12-15 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Ин рақам хеле калон аст ва мо бояд инро дарк намоем. Яъне 4 - 5 миллион аҳолии кишвари мо дар фақр ба сар мебаранд", - гуфт кишвардори Узбакистон.

“Оинаи ҷомиа”: сипосгузории Мирзиёев аз ВАО-и Узбакистон

Ба изҳори Мирзиёев, мушкили фақр бо пардохт кардани кумакпулиҳо ва пешниҳод кардани имтиёзҳо барои табақаи камбизоати аҳолӣ ҳал намешавад. Ин мушкилӣ бояд ба таври қатъӣ ҳал шавад ва яке аз роҳҳи ҳалли душворӣ, таъсис додани ҷойҳои зиёди корӣ мебошад.

Интизор меравад, кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои мубориза бурдан бо камбизоатӣ 700 миллион долларро ихтисос диҳад.

Лентаи хабарҳо
0