Ализода дар Қирғизистон нусхаи эътимоднома супорид ва масъалаи марзиро баррасӣ кард

© акс аз сомонаи Вазорати умури хориҷии ТоҷикистонНазирмад Ализода, сафир оид ба супоришҳои махсуси Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай
Назирмад Ализода, сафир оид ба супоришҳои махсуси Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Назирмад Ализода сафири навтаъини Тоҷикистон дар Қирғизистон нусхаи эътимодномаи худро ба сарвазир супорида

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Рӯзи 31 январ сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода нусхаи эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии ин кишвар Чингиз Айдарбеков супорид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Чингиз Айдарбеков сафири Тоҷикистонро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи  рушди ҳамкории бисёрҷониба бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кардааст.

"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла таҳкими ҳамкории наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 13 январ бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод гардида Ализода Назирмад ба ин вазифа таъин гардид.

Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Тоҷикистон дар Қирғизистон: Назирмад Ализода кист?

Назирмад Ализода 11 ноябри соли 1967 ба дунё омадааст.

Соли 1993 Донишгоҳи ба номи К.А Тимирязевро дар Маскав бо ихтисоси муҳандис хатм кардааст.

Соли 2001 Донишкадаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисод ва идораи корхонаҳои саноатӣ хатм кардааст.

Аз соли 2003 изматчии давлатӣ мебошад.

Аз 18 июни соли 2014 то 14 январи соли 2019 - сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Муғулистон буд.

Назирмад Ализода, моҳи январи соли 2019 равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Муғулистон барканор шуда буд.

Мансаби вижаи Назирмад Ализода баъди барканорӣ аз мақоми сафирӣ

Чанде пас Ализода сафир оид ба супоришҳои махсус, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои Созмони Ҳамкории Шанхай муаррифӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0