19:55 24 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1163 0 0

Жениш Раззоқов аз моҳи апрели соли 2018 вазифаи муовини нахуствазири Қирғизистонро адо мекард ва бо як фармони президент озод шуд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков муовини нахуствазири кишвар дар масоили низомиро ба истеъфо равон кард.

"Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков фармонеро ба имзо расонида, истеъфои Жениш Раззоқовро қабул ва мувофиқи аризааш ӯро аз вазифаи ишғолкардааш озод намуд", - менависад дафтари матбуоти президент.

Раззоқов аз моҳи апрели соли 2018 мақоми муовини нахуствазирро дар масоили низомӣ ишғол мекард. Дар бораи сабабҳои истеъфои Раззоқов расман чизе гуфта намешавад.

Аммо вақтҳои ахир ӯ зери интиқоди вакилони кишвараш қарор гирифта буд. Онҳо аз суст ба роҳ мондани корҳои аломатгузорӣ ва муайянкунӣ дар марз бо Тоҷикистон изҳори норозигӣ мекарданд.

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доим нуқтаи танишҳо байни сокинони марзӣ ё марзбонони ду кишвар аст.

Ба фикри ягона наомадаем: Раззоқов дар бораи табодули замин миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳсҳо дар пайи минтақаи номуайяни сарҳад, ки наметавон ҳудуди ин ё он кишварро ҷудо кард, сар мезананд.

Бори охир таниш дар марз 10 январ сар зад. Сокинони Қирғизистону Тоҷикистон якдигарро сангборон карданд. Феълан, кишварҳо мехоҳанд ҳудудҳоро байни ҳам мубодила кунанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин иқдом ягона роҳи гурез аз танишҳои навбатӣ мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ