19:58 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
664 0 0

Дар баёнияи Вазорати энержии Узбакистон таъкид шудааст, ки барқи тавлидӣ фақат барои истифодаи кишвари Узбакистон хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Аз иштироки Узбакистон дар бунёди ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури ин кишвар моҳи августи соли 2018 дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд.

Ба гузориши "Парс тудэй", Вазорати энержии Узбакистон эълом кард, ин кишвар ва Тоҷикистон ба тавофуқе барои бунёди ду нерӯгоҳи барқи обии муштарак дар рӯди Зарафшон дар Тоҷикистон даст ёфтаанд.

Дар марҳалаи аввали ин тарҳ истгоҳи барқи обии 140 мегаватии “Ёвон” бо ҳазинаи тақрибии 282 миллион доллар бунёд мешавад, ки барои тавлиди 700 то 800 миллион киловатт соат барқ тарроҳӣ хоҳад шуд. Дар марҳалаи дувум низ ду тараф имкони эҳдоси як истгоҳи барқи обии 135 мегаватӣ бо ҳазинаи тақрибии 270 миллион доллар ва зарфияти тавлиди 500 то 600 миллион киловатт соат барқро баррасӣ хоҳанд кард.

Оғози гуфтушунидҳои Узбакистону Тоҷикистон барои сохти ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ

Дар баёнияи Вазорати энержии Узбакистон таъкид шудааст, ки барқи тавлидӣ фақат барои истифодаи кишвари Узбакистон хоҳад буд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон аз замони ба қудрат расидан дар декабри 2016 эълом карда, ки қасди таҳкими беҳбуд ва тақвияти равобит бо ҳамсоягонро дорад. Мирзиёев авоили соли 2018 мелодӣ аз Душанбеи Тоҷикистон боздид кард ва руасои ҷумҳурии ду кишвар дар ин сафар 27 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Барчаспҳо:
об, рӯд, нерӯгоҳ, Тоҷикистон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ