00:29 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
543 0 0

Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба кормандони дастгоҳи омбудсмен аз бад будани вазъи саломатияш шикоят намудаст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Алмосбек Отамбоев шикоят намудаст, ки вазъи саломатии ӯ торафт бад шуда истодааст. Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон дар ин бора ба кормандони дастгоҳи омбудсмен шикоят намудаст.

Ба иттилои котиботи дастгоҳи омбудсмени Қирғизистон, чанде қабл кормандони ин ниҳод ба боздоштгоҳи КДАМ ба хотири шинос шудан бо вазъи нигаҳдории маҳкумшудаҳо ташриф оварданд ва бо собиқ раисҷумҳури зиндонӣ низ сӯҳбат намуданд.

Додгоҳи Қирғизистон ҳабси Алмосбек Отамбоевро боз тамдид кард

Манбаъ меафзояд, Отамбоев танҳо аз бад будани вазъи саломатии худ шикоят намудааст ва муносибати кормандони боздоштгоҳро дар қиболи худ хуб арзёбӣ кардааст.

"Вақтҳои охир фишори хунам беҳад паст мешавад ва маҷбур мешавам, ки пайваста ба табибон муроҷиат кунам", - изҳор доштаст Отамбоев.

Аз бад будани саломатии Отамбоев, қаблан писари ӯ низ шикоят карда буд ва изҳор намудаст, ки "фишори хуни беҳад паст метавонад ба сактаи қалбӣ ва ё мағзӣ оварда расонад.

Шикояти Отамбоев ва писари ӯ дар ҳолест, ки кормандони КДАМ вазъи саломатии собиқ раисҷумҳурро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
саломатӣ, шикоят, Алмосбек Отамбоев

Мавзӯъҳои асосӣ