Автобус бо 45 тоҷикистонӣ дар Қазоқистон чаппа шуд

Обуна шудан
Дар шоҳроҳи вилояти Ақтобеи Қазоқистон автобус бо 48 мусофир чаппа шудаст, ки 45 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил доданд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар шоҳроҳи Қарабутак- Костанайи Қазоқистон автобус бо мусофирони тоҷик чаппа шудаст, хабар медиҳад Sputnik Казахстан.

Ба иттилои пешакӣ, омили сар задани садама, яхбандии роҳ арзёбӣ мешавад. 

"Автобуси мусофирбар, ки самти Екатеринбург ҳаракат мекард, дар шоҳроҳи Қарабутак - Костанай аз сабаби лағжон будани роҳ ба канори масир баромада, чаппа шудаст", - омадаасат дар хабар.

Муайян гардидаст, ки дар дохили автобус ҷамъан 48 мусофир қарор доштанд ва 45 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Ҳамчунин се ронандаи автобус шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд.

На северо-западе Китая, в провинции Цинхай автобус провалился в яму, вызванную обвалом дороги - Sputnik Тоҷикистон
Роҳҳои чинӣ: автобус бо мусофиронаш ба замин фурӯ рафт- навор

Гуфта мешавад, бар асари чаппа шудани автобус ягон нафар аз мусофирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштанд ва пулиси роҳ фавран мусофиронро аз ҷойи ҳодиса интиқол додааст.

Автобус бо 36 мусофир чаппа шуд: 8 нафар ҳалок ва 21 тани дигар захм бардоштанд

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Қазоқистон айнан ба сабаби яхбандии роҳ автобус бо 50 мусофир дучори садама шуд, ки дар натиҷа як мусофир ҷон аз даст дод.

Лентаи хабарҳо
0